Blog
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Subscribe: .rss .atom .json .md
Live Last read 20 hours ago · last published 10 days ago · next check scheduled
ва дар ба аз ки бо ин муассисаҳои ноҳияи он яке яке аз Latest posts «Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад». Эмомалӣ Раҳмон Имрӯз тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳанги халқи тоҷик тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Гирдоварӣ, нигоҳдорӣ, пажуҳиш, ташвиқу тарғиб ва намоиши намунаҳои беҳтарин ва волотарин осори офаридаҳои инсонӣ вазифаи асосии…
Aug 13, 2026 · Jamshed
Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои шаҳри Норак яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангиву маърифатии шаҳр маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он ҷалби кӯдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар маҷмуъ, синну соли гуногун ба китобхонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо мебошад. Дар шаҳри Норак хамаги 16 китобхона амал мекунад, ки аз он як китобхонаи марказӣ ва 15…
Aug 10, 2026 · Jamshed
Исфара яке аз шаҳрҳои қадим ва ободу хуррами кишвар аст. Исфара бо адибону пажуҳандагон ва созандагону навозандагони номвараш, бо мардуми заҳматкаш ва табиати зебояш маълуму машҳур аст. Исфара дар ин рӯзҳо чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва бе ҳеҷ шак онро бо дастовардҳои арзанда таҷлил хоҳад кард. Мо ба мақсади…
Aug 10, 2026 · Jamshed
Соли 1985 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба мутахассисони каналсози Шуравӣ ба ҳайси сартарҷумон ифои вазифа доштам. Хонаи ман дар даромадгоҳи шаҳраки мутахассисони Шуравӣ қарор дошт. Рӯзи истироҳат буд. Мошини “Таёта Ландкрузер”-и пурчангу хок бо рақамҳои ношинос омада, дар назди хонаам истод ва ду нафар аврупоинажод аз он фуромаданд. Чун ин манзараро аз тиреза медидам, зуд ба наздашон баромадам. Салому…
Aug 10, 2026 · Jamshed
Ноҳияи Ишкошим дорои 45 деҳа буда, яке аз деҳаҳои он Намадгут ном гирифтааст, ки номи таърихӣ буда, забоншиносон маънои онро аз калимаи “Намата-гата” забони куҳани форсӣ, макони зиёрату ибодат маънидод кардаанд. Дар ин деҳа зиёда аз 17 ёдгории таърихӣ ва манзараҳои зебову нотакрори табиат ҷойгиранд. Марбут ба мазори Шоҳи Мардон муҳақиқ Болдирев А. дар асараш “Бадахшанский фольклор (1948)” чунин…
Jul 9, 2026 · Jamshed
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки соҳаи фарҳанг аз ин пешравӣ дар канор намондааст. Чунки фарҳанг дар шинохт ва муаррифии миллату давлат маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад. Бунёд ва таъсиси муассисаҳои…
Jul 7, 2026 · Jamshed
Л аъли Бадахшон аз қадимулайём ҳамчун зиннатдиҳандаи тоҷи шоҳони ҷаҳон ва хазоини ҷавоҳироти салтанатии онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Маъдани машҳур ва таърихии Кӯҳи Лаъл дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Ишкошим, дар водии дарёи Панҷ, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) воқеъ гардидааст. Ин санг таърихи ҳазорсола дошта, дар гузашта туҳфаи арзанда барои шоҳони бузург…
Jul 7, 2026 · Jamshed
Ҳар миллатеро метавон аз рӯйи муносибаташ ба табиат ва неъматҳои он шинохт. Агар ба таърихи ҳазорсолаи тоҷикон назар афканем, мебинем, ки ниёгони мо обро танҳо барои нӯшидан ё обёрии замин истифода намекарданд, балки онро мояи ҳастӣ, рамзи покӣ ва баракат медонистанд. Аз ҳамин нигоҳ, яке аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои онҳо низ ба об бахшида шудааст, ки онро Тиргон меноманд. Тиргон дар радифи Навр ӯ з ,…
Jul 6, 2026 · Jamshed
Саъдӣ Мирзо шоири маъниофар ва тасвиргарост. Мутолиаи ашъори ӯ касро ба олами умеду ормонҳои наҷиби инсонӣ раҳнамун месозад. Шоир дар ҳар мавзӯъ ашъори хонданиву мондагор сурудааст. Сурудаҳояш бештар дар тавсифи Ватан, модар, ваҳдат ва ишқ, ки мавзуи ҷовидонаи адабиёт аст, эҷод шудаанд. Саъдӣ Мирзо ба оламу одам бо нигоҳи тозаи орифонаву шоирона менигарад. Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович)…
Jul 1, 2026 · Jamshed
Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Ёвон, ки дар бинои Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтов ҷойгир аст, яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии ноҳия ба ҳисоб меравад. Фаъолияти он ба тарғиби фарҳанги китобхонӣ, рушди маърифати ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи захираи китобҳо равона гардидааст. Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 28 китобхонаи оммавӣ фаъолият…
Jul 1, 2026 · Jamshed
← Prev ✦ Random Next → Visit ↗ Feed Kagi ↗