RSS Amplifier

Blog

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

norak.tjSource feed ↗11 posts

Overdue Last read · last published · next check
Last read 3 days ago, longer than this feed's 15 hours schedule.

Latest posts

ИСТИҚЛОЛ – ПОЯИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, дар таърихи нави халқи куҳанбунёди мо саҳифаи зарринеро боз намуд. Ин рӯзи муборак орзуи деринаи асрҳои мардуми тоҷикро ҷомаи амал пӯшонида, ба мо ҳуқуқи мустақилонамуайян кардани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро дод. Аз ин ҷост, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмати […]

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз дар саҳни Беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомади идона бо сухани табрикии раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим оғоз гардид. Раиси шаҳр кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Норакро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо барои фаъолияти содиқона, […]

РАИСИ ШАҲРИ НОРАК БА ДИДОРБИНИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ РАФТ

18-уми август, бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба дидорбинии собиқадорони соҳаи тандурустӣ Шодибекова Моирамо ва Қаюмова Хайриниссо рафт. Бояд гуфт, ки Шодибекова Моирамо 72 сол дошта, беш аз 24 соли умри худро ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ бахшидааст. Ӯ дар тӯли солҳои фаъолияти меҳнатӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ […]

ДАР ШАҲРИ НОРАК БОЗ ЯК МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ СОХТА МЕШАВАД

12-уми августи соли 2026, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Кӯли-лахчаи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак оғоз бахшид. Тавре масъулин иттилоъ доданд, муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 420 нафар хонанда дар ду […]

ТАҚДИМИ САРУЛИБОСИ МАКТАБӢ БА 55 НАФАР КӮДАКИ НИЁЗМАНД

12-уми августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим бо ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрии мазкур, дар арафаи оғози соли нави таҳсили 2026–2027 дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, фароҳам овардани…

РАИСИ ШАҲРИ НОРАК БА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ДЕҲАИ ХОҶАБДОЛОН ШИНОС ШУД

11-уми август раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба раванди корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хоҷабдолони ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак шинос шуд. Тибқи иттилои масъулин, муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Айни замон корҳои хиштчинӣ дар он бомаром идома доранд. Иншооти […]

БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ШАҲРИ НОРАК

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ва дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, 1-уми августи соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе – Норак – Душанбе ташкил карда шуд. Дар хатсайри мазкур кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои…

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК

31-уми июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак нишасти матбуотии раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баргузор гардид. Зимни нишаст раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар шаш моҳи аввали соли 2026 ва дурнамои фаъолияти минбаъда ба таври […]

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30-юми июл ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил гардида, аз хизматҳои содиқона ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар самти ҳифзи ҷони шаҳрвандон, молу мулк ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор қадрдонӣ ба амал оварда мешавад. Ба ин муносибат, 30-юми июли соли 2026 дар толори […]

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ НОРАК ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

11-уми июли июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Норак бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ муаррифии имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои…

ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

7-уми июли соли 2026, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Агентии давлатии назорати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри…